ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» мулоқот намуд
Санаи нашр:
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо Мурат Акилдиз, роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf», дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои густариши ҳамкории иқтисодию саноатиро баррасӣ карданд. Таъкид ба рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дода шуд.
Ин хабарро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба «Ховар» пешниҳод кардааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»