Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Orbis Nova GmbH» ва «Commercial Coordination Switzerland AG» мулоқот карда, масъалаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкории саноатиро баррасӣ намуд.
Дар Душанбе дурнамои ҷалби сармоягузориҳои Олмон ба соҳаи саноати Тоҷикистон зимни мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати тиҷоратӣ-сармоягузории ширкатҳои «Orbis Nova GmbH» ва «Commercial Coordination Switzerland AG» баррасӣ гардид.
Ба меҳмонон оид ба сиёсати саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои мавҷудаи саноатӣ, шароити мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои пешбинишуда барои сармоягузорони хориҷӣ маълумот дода шуд.
Ҷонибҳо инчунин имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав баррасӣ намуданд. Дар анҷом барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкории судманд байни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Олмон изҳори омодагӣ карда шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»