Пешвои миллат: Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид
Хулоса ва заминаи хабар
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд гуфтанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ шудааст.
ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ин нуктаро баён доштанд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки дар се рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимию тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо ҳазорҳо ҷойи нави кор муҳайё гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки танҳо дар корхонаи маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон беш аз 1000 ҷойи кор, дар марҳалаи дуюми корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» дар шаҳри Истиқлол ва корхонаи оҳаки ҷамъияти мазкур 320 ҷойи нави кор муҳайё карда шудааст. Изҳор доштанд, ки ин дастовардҳо аз дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат ва иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Суғд дар ободонию пешрафти Ватани азизамон гувоҳӣ медиҳанд.
