ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд


Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти МТУСИ ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-16 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо роҳбарияти Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи Москва (МТУСИ) ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф, беҳтарсозии шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик ва таҳкими робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»