Дар Душанбе ҳамоише бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳамкории Дафтари барномаҳои СММ дар Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ҳамоиши «Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон — ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» баргузор гардид.
Ҳадафи ҳамоиш ба роҳ мондани муколамаи мустақим миёни мақомоти қонунгузор, иҷроия, шарикони рушд ва ҷомеаи шахсони маъюб буд. Дар он ба аҳаммияти тасдиқи Конвенсия ва зарурати муайян кардани вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалӣ барои татбиқи муқаррароти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюб, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳкими сиёсати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»