Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба омода намудани мутахассисон баргузор гардид. Дар ҷаласа ба ҳамоҳангсозии сохторҳои дахлдор, беҳтар кардани интихоби довталабон ва баланд бардоштани сифати таҳсил таъкид шуд.
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад ва дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда зарур аст. Ҳамчунин масъалаҳои низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳсили мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамкории байниидоравӣ дар самти тайёр намудани кадрҳо, такмили механизмҳои интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷ, муайян кардани самтҳои афзалиятнок ва мутобиқ кардани ихтисосҳо ба талаботи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баррасӣ шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа ба масъулон барои такмили низоми омода намудани мутахассисон, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рушди ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»