Оғози даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — чароғи маърифат»


Дар марказҳои вилоятҳо ва Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — чароғи маърифат» оғоз шуд; 5093 нафар иштирок доранд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм — чароғи маърифат» оғоз ёфт. Дар ин марҳила 5093 нафар иштирок мекунанд.
Дар даври дуюми озмун 59889 нафар ширкат доштанд. Аз ҷумла 44378 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 9000 хонандаи муассисаҳои таълимии навъҳои нав, 5520 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин 991 омӯзгор, корманди илмӣ, аспирант ва докторант, муҳандис, конструктор ва намояндагони дигар касбҳо иштирок карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»