Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и шаҳри Кӯлоб баъд аз таъмиру навсозӣ


5 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 ба номи Худоёр Раҷабовро баъд аз таъмиру навсозии пурра ба истифода дод.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин муассиса соли 2004 бунёд ва ба истифода дода шуда буд, вале баъдтар ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо кард.
Навсозӣ бо саҳмгузории оилаи Ҷобирзодаҳо ва бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми кишвар анҷом ёфт. Ҳоло дар муассисаи навсозишуда 2600 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд ва 93 омӯзгору 26 корманди техникӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Муассиса 50 синфхона ва кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз барои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва омодагии ҳарбиро дар бар мегирад. Ҳамчунин ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи тиббӣ, толори маҷлис бо 100 курсӣ, толори варзишӣ ва майдончаи варзишии таъмиршуда барои машқу тамрин ва тарғиби тарзи ҳаёти солим фароҳам оварда шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»