Вохӯрии вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор шуд


22 October 2026 дар Ашқобод вохӯрии вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар бораи рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути таҳсилоти бисёрзабона баргузор гардид.
22 October 2026 дар Ашқобод, Туркманистон, вохӯрии вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон дар мавзӯи «Рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути таҳсилоти бисёрзабона дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон» баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо барои табодули таҷрибаи миллӣ ва муайян кардани роҳҳои истифодаи гуногунзабонӣ ба манфиати баланд бардоштани сифати таҳсил ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоягӣ имконияти муҳим фароҳам меоранд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»