ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Дар 9 моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Санаи нашр:
Дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст, аз ҷумла 86 муассисаи КАТС, 12 муассисаи госпиталӣ ва 6 муассисаи хусусӣ.
ДУШАНБЕ, 19.10.2026 / АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар 9 моҳи соли равон дар кишвар 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст.
Аз онҳо 86 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), 12 муассисаи госпиталӣ ва 6 муассисаи хусусӣ мебошанд. Ҳамзамон, дар 71 муассиса корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин давра 145 муассиса таъмир гардида, дар 101 муассиса корҳои таъмирӣ идома дорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»