31 октябр - Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо: дар хиёбони Саъдии Шерозӣ 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад


Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо аз сохтмони 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва навсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе хабар дода шуд.
Тавре «Ховар» менависад, 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо эълон шудааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки мувофиқи барномаи СММ то соли 2030 бояд 11 ҳадафи устувор дар шаҳрҳо амалӣ гардад ва яке аз онҳо таъмини бехатарии шаҳрҳост.
Дар матлаб таъкид мешавад, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт лоиҳаҳои бузурги меъморӣ ва роҳсозӣ амалӣ шудаанд. Ҳоло сохтмони 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва навсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи Нақшаи генералии шаҳр ва лоиҳаи таҷдиди ин хиёбон идома дорад. Лоиҳа 2 нуқтаи пайванд, 8 хатти ҳаракат, навсозии зерсохтор ва пули 115-метра бо паҳноии 40 метрро дар бар мегирад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»