Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо ба истифода дод


30 октябри 2026 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази аутизми шаҳри Душанбе»-ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба истифода доданд. Онҳо ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Ховар хабар медиҳад, ки 30 октябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази аутизми шаҳри Душанбе»-ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба истифода доданд.
Ин марказ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шудааст ва барои фароҳам овардани шароити муосир ҷиҳати ташхис, табобат, барқарорсозӣ ва омӯзиши кӯдакони дорои ихтилолҳои спектри аутизм пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамин боздид онҳо инчунин бо лоиҳаи сохтмони Маркази трансплантология шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғози расмӣ доданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»