Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», инчунин омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони соҳаи маориф қадрдонӣ гардиданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-30 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», инчунин аз омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони соҳаи маориф қадрдонӣ карданд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ғолибон, волидон ва омӯзгорони онҳоро ба дастовардҳои назаррас табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи хонандагон, омӯзгорон ва дастгирии доимии оила ва муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, баргузории ин озмунҳо таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғиби китобхонӣ, илмдӯстӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»