Табрикоти Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон


Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, омӯзгорон, мураббиён ва ҳамаи фаъолони соҳаи маорифро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрик гуфт.
Рустами Эмомалӣ дар паёмаш омӯзгорро дар фарҳанги миллӣ дорои мақоми баланд номида, ӯро чароғи маърифат, пайвандгари наслҳо ва раҳнамои роҳи дониш унвон кард. Вай таъкид намуд, ки маҳз бо заҳмати содиқонаи омӯзгор насли наврас соҳиби дониш, ҷаҳонбинии созанда ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ва Ватан мегардад.
Дар паём инчунин ба таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии сиёсати давлатӣ ишора шуда, аз тадбирҳо барои таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи ҷомеа ва бозори меҳнат ёд шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»