Ифтитоҳи Маркази аутизм ва оғози сохтмони Маркази трансплантология дар Душанбе


30 октябр Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе бинои нави Маркази давлатии аутизмро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони Маркази трансплантология оғоз бахшиданд.
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Марказ барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм пешбинӣ шудааст. Баъдан, онҳо бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он дар кӯчаи Неъмат Қарабоев оғоз бахшиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»