Дар Душанбе рушди забоншиносии рақамӣ ва истилоҳоти технологияҳои муосир баррасӣ шуд


Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон асосҳои забоншиносии рақамӣ, эҷоди заминаи матнии забони тоҷикӣ ва яксонсозии истилоҳоти соҳавии технологияҳои муосир баррасӣ гардид.
Дар Душанбе дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди забоншиносии рақамӣ ва истилоҳоти технологияҳои муосир мулоқот баргузор шуд. Дар он асосҳои забоншиносии рақамӣ ва эҷоди заминаи боэътимоди матнӣ барои истифодаи забони тоҷикӣ дар технологияҳои рақамӣ матраҳ гардид.
Тибқи иттилои агентӣ, аз масъалаҳои асосии нишаст эҷоди пойгоҳи боэътимоди матнҳо ба забони тоҷикӣ барои истифода дар технологияҳои рақамӣ ва яксонсозии истилоҳоти соҳавӣ буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»