17 сентябри 2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмун 17 сентябри 2026 ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз 30 апрели 2026 то 31 июли 2026 эълон шуда, барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дарёфти мутахассисони болаёқат пешбинӣ гардида буд.
Тибқи маълумот, дар озмун 2226 нафар табиб аз саросари кишвар номнавис шуданд. Ғолибон аз рӯи 35 номинатсия интихоб шуда, бо диплом ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»