Дар Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд ва 157 нафар ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид ва 157 нафар барои иштирок дар марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Даври шаҳрии озмун аз 14 то 17 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир шуд. Иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» дониш ва қобилияти худро санҷиданд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд ва дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод нақши муҳим доранд. Таъкид шуд, ки дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»