Дар Хуҷанд гуфтанд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳр пурра иҷро шудааст.
ДУШАНБЕ, 07.10.2026 / АМИТ «Ховар» /. Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ҷавонони шаҳр бо дарки баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона шуданд ва нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид.
Дар даъвати тирамоҳӣ бо саҳми Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 30 нафар даъватшавандагони шаҳр пас аз хатми мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шуда, ба хизмат равона гардиданд. Беш аз 20 хизматчии давлатӣ низ фарзандони худро ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳатмии муҳлатнок ба муддати 1 сол дар як сол ду маротиба, аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»