Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави бисёрфунксионалӣ ифтитоҳ шуд.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави бисёрфунксионалӣ ба истифода дода шуд.
Дар озмоишгоҳ корҳои озмоишӣ аз фанҳои асосии самти энергетикаи барқӣ ва электротехника гузаронида мешаванд. Таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва маҷмааҳои ченкунӣ ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки на танҳо донишҳои назариявӣ гиранд, балки малакаҳои амалии моделсозии низомҳои энергетикӣ, танзими муҳофизати релегӣ, омӯзиши равандҳои гузаранда, таҳлили сифати неруи барқ, талафоти неруи барқ ва усулҳои сарфаи энергияро азхуд намоянд.
Озмоишгоҳи нав ҳамчун қисми муҳими муҳити муосири таълимии филиал ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисӣ, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон заруранд, мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»