Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи форуми алоқаи мобилии насли панҷум 5G, байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» ёддошти тафоҳум барои ҳамкорӣ дар рушди технологияҳои 5G-A ва 6G имзо шуд.
Тибқи хабар, санад бо ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳо барои таҳқиқ, озмоиш ва ҷорӣ намудани технологияҳои 5G-A ва 6G дар қисми болоии диапазони басомадҳои 6 ГГс, аз 6.425 то 7.125 ГГс, ба имзо расид. Масъулини Хадамоти алоқа гуфтаанд, ки ин санад ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2026-2030 мусоидат мекунад. Дар хабар таъкид мешавад, ки технологияҳои 5G ва 6G аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори рақамӣ мебошанд ва истифодаи онҳо метавонад ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва густариши имкониятҳои инноватсионӣ мусоидат намояд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»