Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Ин хабарро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» додаанд.
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Ин хабарро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд.
Тибқи иттилоъ, даъвати тирамоҳии шаҳрвандон мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, гузаронида мешавад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ аст ва чунин маъракаҳо ҳамасола дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ баргузор мегарданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»