Маслиҳати мутахассис: Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва A бештар доранд


Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд. Дар чорабинӣ намоиш-фурӯши навъҳои гуногуни ин маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯроку шириниҳои аз онҳо омодашуда доир гардид.
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд. Дар ин рӯз намоиш-фурӯши навъҳои гуногуни ин маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрок ва шириниҳои аз онҳо омодашуда доир гардид. Сокинони пойтахт аз ин намоиш-фурӯш маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмин кардани сокинони пойтахт бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Мутахассисон мегӯянд, истеъмоли дурусти ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар давраи инкишофи организм барои рушди хуби ҷисм ва беҳтар шудани ҳолати фикрӣ низ муҳим аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»