ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» дидан намуданд


Президенти Тоҷикистон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» боздид кард. Ба гуфтаи масъулон, боғ дар 10 гектар бунёд шуда, пурра бо низоми қатрагӣ обёрӣ мешавад.
Душанбе, 2026-09-11. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар боғ 18 навъи дарахти мевагӣ, аз ҷумла 8 навъи себ, 6 намуд нок, 2 гуна олу ва 2 хел зардолу парвариш меёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»