ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон зиёдшавии ифлосшавии ҳаво пешбинӣ мешавад


Аз 11 то 13 сентябри 2026 дар баъзе шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе паст шудани сифати ҳаво пешгӯӣ шудааст.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 11 то 13 сентябри 2026 дар ҷумҳурӣ зиёдшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин ҳолат дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ, аз ҷумла ворид шудани хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ, ба амал меояд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»