Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод барои 650 нафар бинои нави таълимӣ ва барои 400 нафар хобгоҳи нав бунёд мешавад.
Душанбе, 13.09.2026 / АМИТ «Ховар»/. Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод барои 650 нафар бинои нави таълимӣ ва барои 400 нафар хобгоҳи нав бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон сохтмони иншоот идома дошта, соли 2027 ба истифода дода мешавад. Ба истифода додани он қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии таҳсилоти касбӣ дар ноҳия ба ҳисоб меравад.
Баъди ба истифода додани бинои нав имконоти коллеҷ барои қабули донишҷӯён ва ташкили раванди таълим дар шароити муосир ба таври назаррас васеъ хоҳанд шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»