Дар доираи табодули академӣ донишҷӯёни тоҷик аз Донишгоҳи Ланчжоуи Чин боздид карданд


Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи табодули академӣ аз Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид карданд.
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи табодули академӣ аз Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид карданд. Дар ин бора худи Академия хабар додааст.
Ба гуфтаи Академия, ин иқдом дар доираи густариши ҳамкории илмию омӯзишии Тоҷикистон ва Чин амалӣ шуда, ба таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои такмили дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён нигаронида шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»