Дар мулоқоти намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ масъалаҳои истифодаи технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардиданд.
Дар Душанбе 2026-10-07 дар мулоқоти муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо роҳбари самти таъсири рақамии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Майлз Ҳасти масъалаҳои истифодаи имконоти технологияҳои рақамӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва, хусусан, ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар бораи нақши технологияҳои рақамӣ дар рушди ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ барои кӯдакону наврасон ва зарурати ташаккули муҳити рақамии бехатар табодули назар карданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши истифодаи интернет аз кӯдакону наврасон низ азхуд кардани малакаҳои зарурии истифодаи бехатар ва масъулиятноки воситаҳои рақамиро тақозо мекунад. Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи механизмҳои муассири ҳамкорӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ омодагӣ изҳор карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»