Ҳамоиши «Соҳибкории занон: имкониятҳо, навоварӣ ва рушди устувор» баргузор шуд


Дар Душанбе ҳамоиши навбатӣ доир гардид ва гуфта шуд, ки шумораи соҳибкорзанони фаъол дар Тоҷикистон ба 110 ҳазор расидааст.
Дар шаҳри Душанбе ҳамоиш таҳти унвони «Соҳибкории занон: имкониятҳо, навоварӣ ва рушди устувор» дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор шуд.
Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло теъдоди соҳибкорзанони фаъол дар Тоҷикистон ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Дар ҳамоиш масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва дастгирии соҳибкории занон дар минтақаҳо, омӯзиши касбӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ тавассути соҳибкории занон, нақши низоми бонкӣ дар тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ ва афзун намудани нақши занон дар саноат ва истеҳсолот баррасӣ шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»