35-солагии истиқлоли давлатӣ: Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд


Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва беш аз 1600 синфхонаи иловагӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
ДУШАНБЕ, 08.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва беш аз 1600 синфхонаи иловагӣ барои 43 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои гуногуни вилоят имконият фароҳам овардааст, ки дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсил беҳтар гардад. Ҳамзамон синфхонаҳои иловагӣ ба фароҳам овардани шароити муносиб ва ташкили раванди таълим дар сатҳи зарурӣ мусоидат менамоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»