Дар кишварҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва донории хун такмил меёбад


Дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои мустақили ҳамсуд дар Санкт-Петербург лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» баррасӣ ва тасдиқ шуд.
16 октябри 2026 дар Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои мустақили ҳамсуд оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор шуд. Дар ин бора маркази матбуотии АБИ ИДМ хабар дод.
Парламентчиён лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он»-ро баррасӣ ва тасдиқ карданд. Дар лоиҳа принсипҳои асосии ташкили донорӣ, талабот ба бехатарии хун ва ҷузъҳои он ва ҳуқуқҳои донорон муайян шудааст.
Ҳамчунин танзими фаъолияти хадамоти соҳавӣ аз ҷамъоварӣ, таҳқиқи лабораторӣ ва коркард то нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи тиббии ҷузъҳои хун пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»