Аз 19 то 28 октябри 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» баргузор мешавад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин давр аз 19 то 28 октябри 2026 баргузор мегардад.
Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти даври сеюм, 700 довталаб ба марҳалаи чорум роҳ ёфтаанд. Аз онҳо 244 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм пешбинӣ шуда, бо ҳамкории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»