«Истиқлол — ганҷи миллат, бақои давлат». Дар Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд


Дар Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлол — ганҷи миллат, бақои давлат» доир гардид. Чорабинӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор шуд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» аз 2026-09-22, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлол — ганҷи миллат, бақои давлат» баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир шуд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзиши муқаддасу сарнавиштсоз заминаи устувори бунёди давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишварро фароҳам овардааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»