ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Агентии омор: шумораи субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон афзудааст
Санаи нашр:
То 1 октябри 2026 дар Тоҷикистон 401.1 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 18.2 ҳазор ё 4.8 фоиз бештар аст.
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 октябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 401.1 ҳазор субъекти хоҷагидори фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 42.5 ҳазор шахсони ҳуқуқӣ ва 358.6 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ мебошанд.
Дар моҳҳои январ - сентябри 2026 ҳамагӣ 1771 шахси ҳуқуқии навтаъсис ба қайд гирифта шудааст. Шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда то 1 октябри 2026 ба 358.6 ҳазор расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5.0 фоиз зиёд шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»