Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ чанд иншооти нав дар бахшҳои тиб, таҳсилоти томактабӣ ва савдо ба истифода дода шуд.
ДУШАНБЕ, 15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаи бунёди иншооти таъйиноти гуногун биноҳои нав сохта мешаванд.
Дар маҳаллаи Ободонии деҳаи Шӯрчаҳ бинои нави бунгоҳи тиббӣ, ки бо саҳми вакилон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд карда шудааст, ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ дорои таҷҳизоти заминавии тиббӣ буда, ба аҳолии деҳа хизмат мерасонад.
Инчунин дар деҳаи Наврӯзтеппаи шаҳр бо саҳмгузории сокинон бинои муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак сохта мешавад. Дар мавзеи Қаволаи шаҳр мағозаи лавозимоти варзишӣ, хоҷагидорӣ ва боғдории соҳибкор Самадҷон Соҳибназаров низ ба истифода дода шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»