Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван гуфт, ки Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст.
ДУШАНБЕ, 17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 октябр зимни суханронӣ дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон гуфтанд, ки Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар байни онҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ҷойгоҳи хос дорад. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид карданд, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 25 қонун ва як қатор санадҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ то соли 2040» қабул гардидаанд. Ин стратегия дар асоси ҳадафҳои Барномаи қолабии ҷаҳонии Кунмин-Монреал оид ба гуногунии биологӣ таҷдид шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки ҳифзи гуногунии биологӣ ва табиат аз самтҳои авлавиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди устувор ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат инчунин изҳор доштанд, ки барои ҳамоҳанг сохтани афзалиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои глобалии рушди устувор, заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегӣ дар кишвар таҳким меёбанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»