«Хушдомани беҳтарин». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад


Соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор мешавад.
Соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор мешавад.
Ҳадафи озмун баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»