Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
14 октябри 2026 дар Душанбе ҷонибҳо густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ, пажӯҳишҳои муштараки ҳуқуқи байналмилалӣ ва муколамаи илмӣ-касбиро баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-15 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябри 2026 зимни мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода бо ҳайати намояндагони Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, рушди пажӯҳишҳои муштараки ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими муколамаи илмӣ-касбӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба таҳкими волоияти қонун, такмили заминаҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, тавсеаи ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ ва табодули таҷрибаи пешқадами ҳуқуқшиносӣ мубодилаи афкор намуданд. Таҷрибаи ҳамкории Академия бо Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Шанхай, инчунин нақши табодули донишҷӯён, таҷрибаомӯзиҳои илмӣ ва иштироки омӯзгорону муҳаққиқон дар барномаҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»