Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид


Дар мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Габриэлла Акимова дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд.
Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи якчанд барномаҳои афзалиятнок, дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNICEF) хонум Габриэлла Акимова баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоҳибон ҳамкориро дар доираи барномаҳои афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мутобиқат мекунад, инчунин афзалияти Нақшаи кории муштарак барои соли 2027 муҳокима намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»