Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, то 1 октябри 2026 дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақша зиёд мебошад.
Душанбе, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ то 1 октябри 2026 дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб гуфтанд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ 41 иншооти дигар ба истифода дода шуд. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошт. Ба иттилои ӯ, дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд ва ба зиёда аз 8 ҳазор оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»