20.10.2026 - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пас аз арзёбии байналмилалӣ сертификати UNESCO-UNEVOC гирифт.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар натиҷаи гузаштан аз арзёбии байналмилалӣ соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид. Ин санад мутобиқати фаъолияти муассисаро ба меъёрҳо ва талаботи байналмилалӣ тасдиқ мекунад.
Сертификат аз ҷониби Маркази UNEVOC дар Федератсияи Русия, ки дар заминаи Институти технологияҳои иҷтимоии Башқирдистон фаъолият мекунад, дода шудааст. Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ, донишгоҳ ба ҳашт меъёри асосии UNESCO-UNEVOC мутобиқат намудааст.
Мӯҳлати эътибори сертификат аз 2026-10-09 то 2030-10-09 мебошад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин донишгоҳ аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар байни кишварҳои узви ИДМ аст, ки чунин сертификати байналмилалии чорсоларо ба даст овардааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»