Таҷрибаи Тоҷикистон дар бораи барқарорсозии иншооти мероси уранӣ дар Конфронси генералии АБНА муаррифӣ шуд


Дар ҳошияи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии АБНА дар Вена чорабинии махсуси Тоҷикистон дар бораи барқарорсозии иншооти мероси уранӣ баргузор гардид.
Ба иттилои «Ховар», дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ки аз 2026-09-14 то 2026-09-18 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, чорабинии махсуси Тоҷикистон таҳти унвони «Барқарорсозии иншооти мероси уранӣ дар Тоҷикистон: пешрафт, мушкилот ва афзалият» доир гардид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои такмили низоми мониторинг баъд аз барқарорсозӣ, идоракунии ҷараёнҳои обӣ ва дигар роҳҳои паҳншавии моддаҳои ифлоскунанда, назорати чанг ва радон, таҳкими заминаи озмоишгоҳӣ ва омодасозии минбаъдаи мутахассисони миллӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»