22 октябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон нишасти вазирони маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон доир шуд. Мавзӯи он рушди ҳамкории минтақавӣ тавассути таҳсилоти бисёрзабона буд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар нишаст гуфт, ки чунин мулоқотҳо барои мубодилаи таҷрибаи миллӣ ва муайян кардани роҳҳои истифодаи гуногунрангии забонӣ ба манфиати беҳтар шудани сифати таҳсилот муҳиманд.
Дар гузориш зикр мешавад, ки дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ забонҳои русӣ, узбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва англисӣ низ таълим дода мешаванд. Ҳамзамон таъкид шудааст, ки сифати таълим ва натиҷаҳои воқеии азхудкунии дониш аз ҷониби хонандагон бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»