Дар Фурудгоҳи ноҳияи Мурғоби ВМКБ стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии мамлакат барои нимсолаи дуюми соли 2026 дар Фурудгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд.
Стансия бо таҷҳизоти муосири ченкунӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад нишондиҳандаҳои муҳим, аз ҷумла ҳарорат ва намнокии ҳаво, фишори атмосферӣ, самт ва суръати шамол, ҳарорати болои сатҳи замин, давомнокии нурпошии Офтоб ва миқдори бориш (борон, барф) ба таври худкор ва дар вақти воқеӣ чен карда шаванд. Маълумоти ҷамъоваришуда ба Маркази ҷамъоварии маълумоти фаврии Агентии обуҳавошиносӣ интиқол меёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»