Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Хулоса ва заминаи хабар
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуда, гуфта шуд, ки нақшаи даъвати рӯзи аввал 76 фоиз иҷро шудааст.
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маросими бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ маълумот дода шуд, ки нақшаи даъват дар рӯзи аввал 76 фоиз иҷро гардидааст.
Таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби мардонагӣ, ҷасорат, интизом ва садоқат ба Ватан мебошад. Ҳамчунин ба масъулон супориш дода шуд, ки раванди даъвати тирамоҳиро дар доираи қонунгузорӣ, бо риояи шаффофият ва эҳтироми ҳуқуқу шаъну шарафи шаҳрвандон идома диҳанд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби модарони даъватшудагон маросими анъанавии нонгазонӣ баргузор гардид. Инчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони вилояти Хатлон доир шуд.
