«Барномаи миллии амнияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул шуд


Дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи миллии амнияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид.
Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 October 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, «Барномаи миллии амнияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид.
Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санад аҳамияти стратегӣ дошта, барои таъмини амнияти ҳавоии мусофирон, амнияти ҳавопаймоҳо ва ҳайати парвоз, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, боло бурдани нуфузи кишвар ва ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амнияти шаҳрвандон равона шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»