Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нидерландия таҷрибаи пешқадамро дар истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти гумрукӣ омӯхтанд.
Дар ҳамоише бо мавзӯи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» дар Нидерланд намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд. Дар ҷараёни мулоқоту муҳокимаҳо роҳҳои амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар амалиёти гумрукӣ, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ, истифодаи самараноки маълумот ва такмили низоми идоракунии таваккалҳо баррасӣ шуданд.
Ҳангоми боздид аз ширкати Codici иштирокчиён бо имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии таснифоти молҳо мутобиқи Низоми ҳамоҳангшудаи тавсиф ва рамзгузории молҳо (HS) ва дастгирии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ шинос шуданд. Дар Маъмурияти гумруки Нидерландия низ масъалаҳои татбиқи стратегияи рақамӣ, идоракунии таваккалҳо, истифодаи маълумот ҳангоми қабули қарорҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар назорати гумрукӣ омӯзиш шуданд.
Дар Бандари Роттердам иштирокчиён бо системаҳои муосири сканкунии контейнерҳо, терминали санҷишӣ ва маркази омӯзиши амалӣ шинос шуданд. Дар Донишгоҳи технологии Делфт (TU Delft) масъалаҳои таҳлили маълумот, мубодилаи иттилоот, шаффофияти занҷираи таъминот, амнияти долонҳои савдо ва рушди низоми гумруки сабз баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»