16 октябр дар шаҳри Нанкин Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи умумичинии журналистон созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
16 октябр дар шаҳри Нанкин байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи умумичинии журналистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Созишномаро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва президенти Ассотсиатсияи умумичинии журналистон Хэ Пин имзо карданд. Санад аз 5 модда иборат буда, густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи ВАО, боздидҳои мутақобила, ҳамоишҳои журналистӣ, курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, мулоқотҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои дигарро пешбинӣ мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»