Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
20 октябр дар Душанбе ҳамоиш оид ба омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ баргузор гардид. Дар он роҳҳои беҳтар кардани сифати нигоҳубини аввалияи тиббӣ ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои минтақа баррасӣ шуданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», 20 октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиш оид ба омодасозии мутахассисон дар соҳаи тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинӣ баррасии таҷрибаи амалӣ дар омӯзиши мутахассисони тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ дар нигоҳубини аввалин дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буд. Ҳамчунин таҷрибаи давлатҳои минтақа муаррифӣ шуда, масъалаи беҳтар кардани сифати нигоҳубини аввалияи тиббӣ ва банақшагирии қадамҳои минбаъда баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки тақвияти тибби оилавӣ ва ҳамширагӣ метавонад ба коҳиш додани беморшавӣ ва фавт дар Осиёи Марказӣ мусоидат кунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»