Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
23 сентябри 2026 дар Тошканд ҷаласаи XXV Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар он ширкат карданд.
23 сентябри 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи XXV Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии (молиявии) кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Аз Тоҷикистон дар кори он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ дар самти таъмини амнияти иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории амалӣ, мубодилаи таҷриба ва роҳҳои муассири муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории дорои хусусияти фаромиллӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардидаи Шуро ва такмили механизмҳои муқовимат ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар доираи он инчунин вохӯрии ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»